То?ик?  | Русский 

  • 11:40 – В Исфаре водитель, не справившись с управлением авто, сбил первоклассника 
  • 10:48 – «ЦентрАзия»: Зачинщиками тюремного бунта являются члены ТЭО ПИВ 
  • 10:30 – Бердымухамедов сменил министра сельского и водного хозяйства 
  • 10:30 – Эмомали Рахмон назвал Рогун "Дворцом света нации" 

Ташкили “Чамъияти донишчуёни точик дар Чумхурии Украина” ва изхороти онхо

Ташкили “Чамъияти донишчуёни точик дар Чумхурии Украина” ва изхороти онхо

Имрӯз 15 октябри соли 2018 дар пойтихти Ҷумҳурии Украина шаҳри Киев донишҷуёни тоҷики муқими Украина, ки дар донишгоҳҳои олии ин кишвар таҳсил мекунанд “Ҷамъияти донишҷуёни тоҷики Украинаро” ташкил карданд. Ҳадафҳои асосии “Ҷамъияти донишҷуёни тоҷики Украина” ин муттаҳидии ҷавонони тоҷики муқими Украина, ҳавасманд кардани онҳо барои хониши хубу аъло, дастгирии донишҷӯёни тоҷик дар макони буду бош, пешгирии зуҳуротҳои экстремистиву террористӣ дар байни ҷавонон мебошад.

Дар охири ҷамъомади худ донишҷуёни тоҷики Украина изҳороти худро бо чунин мазмун изҳор намуданд:

Имрузҳо дар саросари ҷаҳон ҳазорҳо муаррифгари миллати тоҷикро мушоҳида кардан мумкин аст, ки бо аъмоли инсондӯстонаи хеш таҷасумгари фарҳанги тамаддунофари тоҷик мебошанд. Маҳз бо корнамоии чунин родмардони худ миёни аҳли башар ин миллат номи тоҷикро унвон кард.
Мо як гурӯҳ ҷавонони тоҷикистонии муқими Украина, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистиро дар Аврупо, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломиро, ки бар хилофи арзишҳои башардустонаи миллати тоҷик аст, қотеъона маҳкум мекунем. Мо намегузорем, ки ҳаргуна унсурҳои террористӣ аз номи миллати бузурги тоҷик дар назди ҷаҳониён истифода намоянд.
Ҷавонони тоҷики Украина баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз, пойдории сулҳу суббот ва оромии Ватан ҳама кӯшиши худро ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм равона сохта, барои нишон додани симои аслии муғризонаи гурӯҳҳои террористиву экстермистӣ ба ҷомеаи шаҳрвании Аврупо, дареғ намедоранд.
Ҷанги шаҳрвандии дар кишвар, ки аз тарафи ташкилоти террористии наҳзат сар зад ва боиси талафоти ҷонию харобиҳои сангин гардида буд, ҳеҷ гоҳ фаромуш намешавад. Имрӯз ҷавонони тоҷик ба тарғиботҳои муғризонаи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротӣ дода намешаванд.

Мо ҷавонон дар назди Ватану миллат ваъда медиҳем, ки дар Ҷумҳурии Украина бо сари баланд таҳсил, кор ва зиндагӣ карда, барои муарифӣ намудани миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳони ва барои ноил шудан ба дастовардҳои бузург ҳама неруву заковати худро равона месозем.
Ҷамъияти донишҷўёни Украина
Ташкили “Чамъияти донишчуёни точик дар Чумхурии Украина” ва изхороти онхо

Ташкили “Чамъияти донишчуёни точик дар Чумхурии Украина” ва изхороти онхо

Ташкили “Чамъияти донишчуёни точик дар Чумхурии Украина” ва изхороти онхо

comments powered by HyperComments
  • Сегодня
  • Читаемое
  • Комментарии
Афиша
Мы в соцсетях
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter
Президент