То?ик?  | Русский 

  • 11:40 – В Исфаре водитель, не справившись с управлением авто, сбил первоклассника 
  • 10:48 – «ЦентрАзия»: Зачинщиками тюремного бунта являются члены ТЭО ПИВ 
  • 10:30 – Бердымухамедов сменил министра сельского и водного хозяйства 
  • 10:30 – Эмомали Рахмон назвал Рогун "Дворцом света нации" 

Наҳзатиҳо натавонистанд зиёиёнро бифиребанд

Наҳзатиҳо натавонистанд зиёиёнро бифиребанд

Ҳодисае, ки 15-уми июни соли 2018 ба вуқуъ пайваст чашми бисёриҳоро боз кард. Ҳодисаи мазкур дӯстро аз душман, шахси фиребхурдаро аз инсони асил, гурӯҳи фурухташударо аз зиёиёни воқеӣ ҷудо намуд. Дар ин рӯз бояд наҳзатиҳои ифротӣ бо ҳамроҳии чанде аз фурӯхташудагони дигар нишасте ба муносбати 21-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мекарданд. Тибқи суханони онҳо дар ин ҷамъомад бояд на камтар аз 350 нафар ҷамъ шудаву ба зери доираи онҳо мерақсиданд. Барои иштирок дар ин нишаст, ҳар нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор дошт, даъват шуда буд. Вале дар аксу наворҳо аз раванди нишаст дида мешавад, ки ҳамагӣ 60-65 нафар, он ҳам бо шумули занону кӯдакони ифротгароҳо ширкат доштанду халос.
Додоҷон Атовуллоев, Абдуазими Абдуваҳоб, Ганҷинаи Ганҷ, Саймиддин Дӯстов, Ҳафиз Бобоёров ва даҳо тани дигар, ки дар миёни ҷомеа ҳамчун журналистони асил, зиёиёни воқеӣ шинохта шуданду айни замон дар кишварҳои аврупоӣ қарор доранд, мебоист дар ин ҳамоиши онҳо ширкат меварзиданду суханронӣ менамуданд. Вале рафтанро ба ин нишасти ҷинояткорону хоинон ҷиноят дониставу аз он даст кашиданд.
Ҳафиз Бобоёров, ки дар миёни ҷомеа бо таҳлилҳои илмии худ машҳур мебошаду айни замон дар кишвари Олмон қарор дорад, дар муроҷиатномаи ихтисосияш ба наҳзатиҳои ифротӣ қайд намудааст, ки: “... ин ҷо зарур донистам, расман ва дар маърази ом мавқеи ниҳоӣ ва қотеонаи худро эълон кунам: Бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷиикистон ва ҳама шахсону гурӯҳҳо ва ниҳодҳое, ки бо он эътилоф мекунанд ва карданӣ ҳастанд, дар ҳеч сурат ва ҳеч гоҳ ба ҳам нахоҳам омад”.
Ин ягона инсони равшанфикре набуд, ки даъвати наҳзатиҳои ифротӣ напазируфт. Абдуазими Абдуваҳҳоб, ки бо навиштаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳо миёни мардум шӯҳрат пайдо намудааст, аз иштирок ва суханронӣ дар нишасти наҳзатиҳо даст кашидаву бо тамасхур дар саҳифаи фейсбукияш қайд кардааст: “Ду рӯз аст, ки ба ин монанд аз дуру наздик аз ман ҳам суол мекунанд, дар чои Шумо чи гап? Номат дар қатори ширкаткунандаҳо ҳаст ку? Суоли ниҳоӣ ин мешавад, чаро нарафтӣ?”.
Ба ҳамин монанд Бахтиёр Аминӣ, Исфандиёри Назар, Ҳафиз Бобоёров, Ганҷова Ганҷина, Ёрова Мавлуда ки ҳамагӣ аз ҷои баргузории нишаст дар 25 км дуртар қарор доштанд, гаштугузорро дар боғҳои шаҳраки Фрёденберг авлотар аз ҳамоиши наҳзатиҳо диданд. Ба гуфтаи онҳо мақсад аз сайругашт дар боғ, ин пеш аз ҳама нишон додани иртибот надоштани зиёиён ва рӯзноманигорони тоҷик бо ТЭТ ҲНИ мебошад.
Зеро онҳо хуб медонанд, ки Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин, Илҳомҷон Ёқубову Маҳмадсаид Ризоии наҳзатӣ Шарофиддин Гадоеви як замон роҳбари “Гурӯҳи-24” ин замон роҳбари “Тараққиёти иқтисодии Тоҷикистон” имону инсоф, виҷдону ахлоқи худро бо нархи ночиз фурӯхтаву парвои миллату давлат надоранд.
Напазируфтани аҳли зиё даъвати наҳзатиҳои ифротиро метавон шикасти бузурги онҳо дар хориҷи кишвар унвон намуд. Зеро то ин дам онҳо гумон доштанд, ки метавонанд, журналистону шоирон, адибону равшанфикронро чун солҳои 90-уми асри гузашта фиреб карда, ба ҷониби худ моил намоянд. Вале, тирашон хок хурду ба мақсади касифи хеш натавонистанд бирасанд. Чунки зиёиёни имрӯзаи миллат хатои ду даҳсола қаблро дарк намудаву дигарбора такрор намудани онро иштибоҳе медонанд, ки нобахшиданӣ. Маҳз ҳамин хатогиро ба назар гирифта, Ҳафиз Бобоёров дар саҳифаи фейсбукияш доир ба ин эътилоф чунин андешаронӣ намудааст: “... дар фикрам буд, меравам ва рӯбарӯ назари худро мегӯям: аз он ки ба ҳеч гуна Сулҳу Ваҳдат бовар надорам, ба ҳеч гуна Эътилоф ҳам. Инҳо мафҳумҳои куҳнашуда, обшуста ва бегона ба шинохти ман аз воқеияти давраи Истиқлоли Тоҷикистон ҳастанд. Аз кадом Сулҳ мегӯед, вақте ки чанд нафар ба қавли худатон "атеист"-у "зардуштӣ"-ро қариб буд сангсор кунеду маҷбуран ба майдони сиёсат кашед?!”
Дар ягон давру замон, дар ҳеҷ шароит некиву бадӣ, рӯшноиву зулмот, сафеду сиёҳ бо ҳам якҷо набуданд ва алайҳи якдигаро қарор доштанд ва ширкат наварзидани онҳо дар нишасти ифротгароён дурустии ҳамин ақидаро бори дигар нишон дод.
Беҳуда нагуфтаанд, ки рисолати асосии зиёӣ, ин таҷдид ва ҳифзи арзиш, фарҳанг, забони миллӣ, эҳдо, роҳнамоӣ, маърифатомӯзӣ ва тайини ахлоқи омма мебошад. Зиёии аслӣ бо маънои аслияш офаранда, ҳимоятгари фарҳанги миллӣ, ҳомиву роҳнамо ва бомаърифатгардону адабомӯзӣ омма ва қувваи такондиҳандаи ҷомеа бошад. Воқеан ҳам ин рисолатро зиёиёни дар хориҷи кишвар қарордошта хуб дарк ва иҷро намуда истодаанд.
Наҳзатиҳои ифротие, ки имрӯз дар хориҷи кишвар фаъолияти зиддимиллияшонро идома дода истодаанд, рӯзе рӯзе барои чунин амалҳояшон дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт. Зеро дар хидмати душманони миллат қарор доштан, маънои хиёнат ба ватанро дорад. Хиёнат ба ватан, амалест нобахшиданӣ.
Нодири Қодир


comments powered by HyperComments
  • Сегодня
  • Читаемое
  • Комментарии
Афиша
Мы в соцсетях
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter
Президент