То?ик?  | Русский 

  • 11:40 – В Исфаре водитель, не справившись с управлением авто, сбил первоклассника 
  • 10:48 – «ЦентрАзия»: Зачинщиками тюремного бунта являются члены ТЭО ПИВ 
  • 10:30 – Бердымухамедов сменил министра сельского и водного хозяйства 
  • 10:30 – Эмомали Рахмон назвал Рогун "Дворцом света нации" 

Баррасии масъалахои мухими донишчуёни точик дар Москва

Баррасии масъалахои мухими донишчуёни точик дар Москва

Дирӯз дар доираи баргузории Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Росия Имомуддин Сатторов дар доираи Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта бо донишҷуёне, ки дар муассисаҳои олии ҳудуди шаҳри Масква таҳсил менамоянд баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории мулоқот пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуб, эмин будани онҳо аз хатару тазодҳои замони муосир, густариши ҳуввияти миллӣ дар замири онҳо, расида ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳифзи арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ, баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва шиносоӣ бо дархосту пешниҳодҳои донишҷӯёни тоҷик буд.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои таҳсил ва азхуднамоии донишҳои муосир барои наврасону ҷавонон тамоми имкониятҳо ва инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонони тоҷик дар баробари дигар халқияту миллатҳои ҷаҳон дар бонуфузтарин муассисаҳои олиии кишварҳои хориҷа таҳсил намуда истодаанд. Ҷавонони тоҷик дар баробари омӯзишу азхуднамоӣ дар муассисаҳои олӣ дар корҳои ташкилотчигӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, фарҳангу расму оин ва арзишҳои бузурги миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намемоянд.

Имрӯз дар шаҳри Маскваи Федератсияи Россия зиёда аз 7 ҳазор нафар ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои олии он таҳсил намуда истода, дар ин давра тавонистанд арзишҳои бузурги миллиамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Аъзоёни маҳфил дар шаҳри Масква дар баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ҷашну маросимҳои миллӣ фаъолона иштирок намуда, бо муттаҳидиву саҷамъӣ барои баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар расаи байналмилалӣ ҳисаи арзишманди хешро мегузоранд.
Инчунин зикр гардид, ки дар замони муосир роҳҳои гумроҳнамоӣ ва фирефта намудани ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи шахсони алоҳида, гурӯҳои террористиву экстремистӣ ҳанӯз ҳам дар кишварҳои хориҷа ташвишовар буда, ин омил метавонад барои гумроҳнамоии ҷавонон воситаи асосӣ ба ҳисоб равад. Ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии хиёнаткор Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ зери сарпарасии хоҷагони хориҷӣ дар ин давра даҳо нафар ҷавононро гумроҳ намуда, аз раванди таҳсил онҳоро дур намуд, ки ин барои ташаккули дурусти сармояи инсонӣ хатарӣ ҷиддиро ба бор меоварад.

Дар мулоқот зиёда аз 30 нафар донишҷӯён иштирок намуда, барои дастгириҳои ҳамешагӣ миннатдории бепоёни худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Баррасии масъалахои мухими донишчуёни точик дар Москва

Баррасии масъалахои мухими донишчуёни точик дар Москва


Информационный портал: Today.tj

comments powered by HyperComments
  • Сегодня
  • Читаемое
  • Комментарии
Афиша
Мы в соцсетях
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter
Президент