• 08:00 – Подозреваемый в убийстве казахстанского фигуриста Тена признал вину 
  • 20:10 – Узбекистан и Таджикистан готовятся к запуску новых автобусных маршрутов 
  • 20:10 – Новым вице-спикером парламента Таджикистана может стать Раджаббой Ахмадзода 
  • 19:25 – Железнодорожники Таджикистана и Узбекистана договорились о транзитных поездках 

Муроҷиати иттиҳоди точикони Ќазокистон ба кишварҳо ва сохторҳои Аврупо роҷеъ ба мусоҳибаи раиси ҳизби террористии наҳзати ислом М.Кабирӣ бо хабарнигори “Независимая газета"

Иттиҳоди тоҷикони Ќазоќистон мусоҳибаи раиси хизби террористии наҳзати исломӣ М.Кабирӣ дар рузномаи "Независимая газета" (мусоҳиб Андрей Саренко, 05.06.2018), ки дар иртибот бо гузориши гаразноки таҳқиромез, вазъи сиёсии минтакахои Осиёи Миёна, хоса Ҷумҳурии Ќазоќистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима кардааст, бо нишони эътироз ва нигаронии шадид маҳкум намуда, ќотеъона изҳор медорад, ки чунин амалҳои моҷароҷӯ ва иғвоангези М.Кабирӣ ба таҳкими муносибатҳои дўстона ва ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Ќазоќистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кисми бахши муҳоҷирати меҳнатии Чумҳурии Ќазоќистонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиханд, метавонад халал ворид намояд.
Муносибати дўстона байни Ҷумҳурии Ќазоќистон ва Ҷумҳурии ТоҶикистон дар сиёсати хоричии сарони давлатҳои ин кишвар мавкеи асосӣ дорад, ки байни кишварҳоямон равобити боэътимоди сиёсӣ рохандозӣ гардидааст ва ин бевосита ба таҳкими некуаҳволии мардуми ин ду сарзамин Ҷаҳиши ќавӣ мебахшад.
Муносибати нек ва ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Ќазоќистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон мавќеи асосӣ дорад. Вобаста ба дастовардхои ҳарду кишвар сахми сарони ҳар ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ќазоќистон муҳтарам Нурсултон Абишевич Назарбоев бузург аст, ки дар таҳкими муносибатҳои дўстона ва ҳамкории бисёрчонибаи кишвархоямон наќши муҳим доранд.
Мо точикони муҳоҷир ва мукими Ќазоќистон, инчунин точиктаборон, сатҳи ноилшудаи хамгироии байни кишвархоямонро баланд арзёбӣ менамоем ва намегузорем, ки ин дўстӣ ва бародарии моро чунин душманони миллати тоҶик, ба мисли М. Кабирӣ, халалдор созанд.
Дар робита ба изхороти раиси ҳизбе, ки террористӣ ва экстремистӣ буда, миллати тоҷикро ба вартаи ҳалокат мебарад, гуфтанӣ ҳастем, ки ҳизби наҳзат ба сари халқи тоҷик кулфати зиёдро бор кардааст. Ҳамин ҳизб буд, ки соли 1992 ҷанги хонумонсӯзи бародариро оғоз кард ва мо тоҷикон иҷборан муҳоҷир шуда, ба Қазоқистон омадем ва имрӯз гарчанде зиндагиамон дар ин кишвар бо роҳату осуда ва осоишта аст, лекин дур аз Ватан ва хешу ақрабои худ ҳастем.
Миллати тоҷик бояд он рузҳои бисёр дахшатноку фочиабори солҳои 90-уми асри гузаштаро ки боиси азобу машаккати зиёд ва ба халокат расидани даххо хазор нафар ахолии осоиштаи Тоҷикистон шуда буданд, харгиз фаромуш намесозад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии ТоҶикистон, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва акидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки рушди Ҷомеа ва давлат, факат дар сурати пойдории сулху субот ва вахдати милли амалӣ шуда метавонад.
Дар баробари ин, фаромуш набояд кард, ки суботу оромӣ ва вахдати миллии Тоҷикистон метавонад тахти таъсири раванду руйдодхои ҷахони пуртазоди имрӯза, аз чумла торафт вусъат гирифтани тахдиди хатархои нав, аз кабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар чинояткорихои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад.
Бо максади тахкими минбаъдаи вахдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти мафхуми "шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ғурури ватандорӣ" бисёр мухим мебошад.
Аз ин ру, мо Ҷомеаи тоҶикони Казоќистон, мусоҳибаи ғаразнок ва таҳқиромези раиси ҳизби террористии нахзати исломӣ М.Кабириро, ки дар рӯзномаи "Независимая газета" (мусохиб Андрей Саренко,03.06.2018)чоп шуда, миллати тоҷикро боз ба сӯи навмедӣ, фақр, бенавоӣ, нооромӣ ва бесуботӣ даъват менамояд, бо нишони эътироз ва нигаронии шадид махкум мекунем.

Шакарбек Норматов - Роҳбари Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷамъияти ва марказҳои фарҳангии тоҷикони Қазоқистон “Кохи Нур”
Саидмурод Шарипов- Президенти Ассотсиатсияи маркази фарҳангии тоҷикон “Сомониён”
Карохон Солехов - Роҳбари маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Алмато «Сафар»
Шоназаров Умар - Роҳбари ҷамъияти фарҳангии тоҷикони вилояти Ақмола «Санги Кабуд»
Исмоилов Акбарҷон - роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Остона «Астана-Сомониён»
Амиршоев Анваршоҳ - роҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Қазоқистони шимолӣ «Сомониён-Север»
Ҳусейн Гулов –роҳбари ҷамъияти тоҷикони Павлодар «Ситораи Сомон»
Аминов Юсуф-
Иноятулло Валиев:
Насриддинов Абдунаби:
Акобир Рашидов:
Сулаймон Рашидов:
Ёкуб Абдуллоев:
Мусаяб Саймахмадов:
Валиев Фатхулло:
Додихудо Салихов:
Бердиев Иноятулло:
Озар Ашуров:
Абубакр Давлатов:
Сияхаков Ҳасан:
Муроҷиати иттиҳоди точикони  Ќазокистон ба кишварҳо ва сохторҳои Аврупо  роҷеъ ба мусоҳибаи раиси ҳизби террористии наҳзати ислом М.Кабирӣ бо хабарнигори “Независимая газета"

comments powered by HyperComments
  • Сегодня
  • Читаемое
  • Комментарии
Афиша
Мы в соцсетях
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter
Персона