То?ик?  | Русский 

  • 11:40 – В Исфаре водитель, не справившись с управлением авто, сбил первоклассника 
  • 10:48 – «ЦентрАзия»: Зачинщиками тюремного бунта являются члены ТЭО ПИВ 
  • 10:30 – Бердымухамедов сменил министра сельского и водного хозяйства 
  • 10:30 – Эмомали Рахмон назвал Рогун "Дворцом света нации" 

Изҳороти донишҷуёни тоҷикистонии муқимӣ Лаҳистон оид ба иштироки аъзоёни ташкилоти террористии ҲНИ дар ҷаласаи солонаи САҲА

Ҷаласаи солонаи САҲА

Мо донишҷуёни Тоҷикистонии муқимӣ Ҷумурии Лаҳистон иштироки аъзоёни ташкилотҳои террористию экстремистии ҲНИ ва дигар гуруҳои тундравро қотеъона маҳкум мекунем.

Мо бо умеду орзуҳои зиёд ба мақсади саҳм гузоштан дар рушду инкишофи Ватани азизамон ба ин кишвари дури Лахистон барои тахсил омадем. Хамвора талош дорем, то Тоҷикистони маҳбубамонро дар назари мардуми Лаҳистон ва дигар бошандагони ин кишвар ба таври арзандаву шоиста муаррифӣ кунем, аммо дар се соли охир дар Лахистон пайдо шудани аъзоёни ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои тундрав, ки намуди зоҳирӣ ва ҳам андешаву мафкураи онҳо ҳамчун як доғ барои миллати тоҷик мебошад, моро нигарон карда аст.

Мо аъзоёни ҲНИ-ро ҳамчун як ор медонем. Аз муошират бо онҳо парҳез мекунем. Ин қабил афрод миллат надорад. Агар миллат медоштанд, онҳо бо саркардаашон Кабири ҳарсол бо либосҳои жулидаю бетартиб ба даромадгоҳи ҷаласаи солонаи САҲА дар шаҳри Варшава мисли селаи сагон наменишастанд. Дар миёни садҳо нафарони хориҷӣ, бо кафки даҳон ва нишон додани рагҳои гардан нисбати Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он суханони бад намегуфтанд. Давлатҳо ва созмонҳои хориҷиро барои таҳриму фишор нисбати мардуми тоҷик даъват намекарданд. Мисли галаи сагон ба дипломатҳои тоҷик ва автомашинаҳои хизматии онҳо ҳамла намекарданд.

Мо бо чашми худ инро дидем. Ҳамчунин мушоҳида намудем, ки масъулони САҲА ва ташкилкунандагони ин чорабинӣ симои аслии аъзоёни ташкилоти террористии ҲНИ-ро дар ин мислои мушахас диданд. Ин хуб аст.

Мо як гуруҳ донишчуёни Тоҷикистонии муқимӣ Лаҳистон нигаронии амиқи хешро аз ҳузури аъзоёни ташкилотҳои террористӣ дар шаҳри Варшава, ки ба суботу амнияти ин шаҳр ва обурӯи мамлакати мо дар арсаи байналмиллали латма мезанад, иброз менамоем.
Ҷамъияти донишҷуёни тоҷикистонӣ дар Лаҳистон.

comments powered by HyperComments
  • Сегодня
  • Читаемое
  • Комментарии
Афиша
Мы в соцсетях
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter
Президент