вписать адрес сайта
Барои матбуот:
(+992) 444-33-11
(+992) 444-33-11
Версия барои
маъюбон
» » ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МИЛОДИИ 2021
03
январь
2021

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МИЛОДИИ 2021

 
Ҷавонон ва варзишгарони саодатманду сарбаланди кишвар!
Баъди чанд соате соли нави мелодии 2021-ум фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанонро самимона муборакбод намуда, тандурустиву саодатмандӣ, бахту иқболи нек ба хонадони ҳар фарди кишвар рўзгори хушу осуда ва комёбиҳои беназирро орзу менамоям.
Соли 2020 бо вуҷуди мушкилоти доштааш, барои мардуми Тоҷикистон соли таҳкими дастовардҳои сиёсӣ ва соли мувафақияту комёбиҳои беназир буд. Махсусан, барои ҷавонони кишвар, ки дар Аҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд ва маҳз шахсияти пешбарикардаи мо аз миёни 5 номзад бо гирифтани райъи бештари мардум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ҳамчун як соли бобарор дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти ҷавонони кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. 
Дар соли сипаришаванда ҷавонони ин меҳан боз ҳам аз лиҳози сиёсию мафкуравӣ ва зеҳнию ҷисмонӣ худро ташаккул дода, дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар фаъолнокӣ нишон доданд. Бояд зикр намоем, ки дар давраи бемории коронавируси COVID-19 ҷавононамон дар мубориза, пешгирӣ ва огоҳонидани мардум рисолати ватандории худро сарбаландона иҷро намуданд, ки ин барои масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ифтихори бузург аст. 
Соли 2020 новобаста аз маҳдудиятҳо 232 нафар варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, 124 медал ба хазинаи варзишии мамлакат ворид намудаанд. Аз ин шумора 34 медали тилло, 32 нуқра ва 58 биринҷӣ мебошад, ки дар чунин як шароити мураккаби ҷаҳонӣ барои кишвари мо ин дастоварди бузург аст. 
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба ифтихори фарзандони миллати тоҷик 124 маротиба Парчами давлатӣ баланд бардошта шуда, 34 маротиба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо додааст. 
Соли нави 2021 барои мардуми Тоҷикистон низ рамзӣ хоҳад буд, зеро, ки мо ҷашни бошукӯҳ ва муқаддаси 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор таҷлил хоҳем кард. Дар ин росто, бо эътимоди комил изҳор медорем, ки соли нави мелодии 2021-ум барои таҳкиму тавсеаи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, пояҳои давлатдории навини тоҷикон, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа, инчунин, ободу зебо гардидани кишварамон нақши муассир хоҳад гузошт.
Акнун мо ҷавонону варзишгарони саодатманду сарбаланди кишварро зарур аст, ки имсол низ бо ҳисси баланди ватандориву худшиносӣ барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ва рушди иқтисодиву зиндагии шоистаи мардум дастҷамъона ва содиқона талош намоем. Мо бояд ба хотири расидан ба комёбиҳои нав ва аз имрӯза дида ободу пешрафта гардонидани кишвари маҳбубамон софдилонаву пайгирона кӯшиш намоем.
Мо умедворем, ки соли нави мелодӣ барои мардуми Тоҷикистон хосса ҷавнону варзишгарони он соли амалишавии орзуву мақсадҳои нек мегардад.
Бо ҳамин орзуҳои нек, бори дигар, ҳамаи сокинони ҳимматбаланду заҳматпеша ва саодатманду сарбаланди кишвар, хусусан ҷавонони парчамбардори миллат, инчунин, кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави мелодии 2021 самимона табрик гуфта, барои ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, хонаи обод, тандурустиву иқболи нек, файзу баракат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон ободиву пешрафти ҳамешагӣ орзу менамоям. Бигзор Соли нав ба хонадони Шумо файзу баракат ва барои мардуми Тоҷикистон дастовардҳои бузург оварад!
Соли нави мелодӣ муборак!

Прокомментировать
Введите код с картинки:* Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив