вписать адрес сайта
Барои матбуот:
(+992) 444-33-11
(+992) 444-33-11
Версия барои
маъюбон
» » "ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО..."
03
январь
2021

"ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО..."

Имрӯз дар идомаи аёдатҳои кӯдакони ятиму бепарастор роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат" ба Мактаби махсуси  ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе сафар намуданд.
  Бояд қайд кард, тӯли 3 рӯз аст, ки чунин чорабиниҳо дар пайравӣ ба ташаббус иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. 
    Абдулло Раҳмонзода зимни сӯҳбати самимӣ аз хонандагони мактаби интернети ҷумҳуриявӣ даъват ба амал оварданд, ки дар ҷавоб ба дастгириҳои давлату Ҳукумати кишвар ва шароитҳои мусоиди фароҳам овардашуда бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, одобу ахлоқи намунавро доро бошанд ва дар оянда ҳамчун шахсони арзанда саҳмгузори рушди ҷомеа гарданд. Ҳамзамон ба бошандагони Мактаби махсус либосҳои гармӣ зимистона ва китобҳои бадеӣ тақдим карда шуд.


Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбанд ва хушбахтона имрӯз ҳамчун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои миллӣ аз тарафи Вазорату Кумитаҳо ва шахсони саховатпеша анҷом дода мешавад.
Прокомментировать
Введите код с картинки:* Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив